Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баргузор гардид

Декабрь 24, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми Гурӯҳи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иброз намуд, ки татбиқи лоиҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он аз ворид намудани методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 17 касби интихобгардида дар панҷ бахши афзалиятноки  29 муассисаи ҳадафии низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш иборат мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки методологияи нави таълим дар асоси салоҳият дар низоми таҳсилоти касбии техникӣ ҷорӣ гардида, дар заминаи он харитаҳои функсионалӣ, стандартҳои салоҳият, барномаву маводи таълимӣ барои 17 касби интихобгардида таҳия шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон оид ба таҷдиди методологияи низоми таҳсилот, тасдиқи 17 стандарти салоҳияти касбҳо, навсозии инфрасохторҳо дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои таҳсилот, тақвияти низоми идоракунӣ ва менеҷменти замонавии таҳсилот маъруза намуданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии низоми вазорат ва беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тавсияҳо дод.

Дар 29 муассисаи давлатии таълимии низоми ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш корҳои таъмириву барқарорсозӣ гузаронида шуда, бо асбобу таҷҳизоти таълимӣ таъмин карда шудаанд. Ҷиҳати муосидат ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон аз қишрҳои осебпазири аҳолӣ курсҳои омӯзишӣ баргузор карда шуданд.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи мазкур барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Декабрь 24, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд