Дар Душанбе амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд

Декабрь 9, 2021 09:46

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар ва бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷаласаи корӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи солимии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Зикр шуд, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон якчанд дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҳия ва қабул гардида, бо дастур ва ташаббуси бевоситаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Дӯстӣ, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ, таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе сохтаю бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуданд, ки дастрасӣ ва сифати табобати модарону кӯдаконро беҳтар гардонид.

Инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон марказҳои перинаталӣ ва дар ноҳияи Восеъ Беморхонаи марказии ноҳиявӣ сохтаю  бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар идомаи ҷаласа, ки роҳбарони якчанд муассиса ва раёсатҳо, шарикони рушд, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе,  раёсатҳои тандурустии вилоятҳо иштирок доштанд, вобаста ба самтҳои гуногуни масъала суҳбат намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 9, 2021 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд