Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ намоиши ҷумҳуриявии корҳои эҷодии рассомон доир мегардад

Декабрь 10, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солрӯзи Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» дар муассисаи мазкур намоиши ҷумҳуриявии корҳои эҷодии рассомон доир мегардад, итилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар намоишгоҳ  асарҳо дар жанрҳои гуногун: графика, санъат ва ҳунар, наққошӣ, натюрморт, манзара, портрет, суратгирии бадеӣ пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Бояд гуфт, ки Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов соли  1936 ташкил ёфта, ягона маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ҷумҳуриямон мебошад. 18 июни соли 1975 хидматҳои шоёни Рассоми халқии Тоҷикистон М.Олимовро ба назар гирифта, ба Омӯзишгоҳи рассомӣ номи ӯ гузошта шуд. Соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба Муассисаи таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов табдил дода шуд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ коллеҷро зиёда аз 4000 нафар мутахассисони болаёқат хатм намудаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он пурсамар фаъолият мекунанд. Ҳайати асосии рассомони Тоҷикистон собиқ хатмкунандагони ҳамин коллеҷ мебошанд, ки ҳоло ба сифати муаллимони мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, дар муассисаҳои давлатӣ, нашриёти «Ирфон», киностудия, студияи телевизион, коргоҳҳои рассомӣ бомувафақият кор мекунанд. Қариб 200 нафар шогирдони собиқи коллеҷ аъзои Иттифоқи рассомони СССР ва аъзои иттиҳодияҳои эҷодии рассомони ҷавонанд.

Омӯзгорони фанҳои асосии коллеҷ дар баробари фаъолияти омӯзгорию корҳои эҷодӣ, ҳамчунин иштирокчиёни намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз кишварамон буда, корҳои эҷодии ин рассомони чирадаст дар осорхонаи мамлакатҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Декабрь 10, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст