Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомад баргузор шуд

Декабрь 8, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои миллӣ, технологӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомади оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.

Мақсади асосии баргузории ҷамъомад — ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҷамъомад масъулини Агентӣ вобаста ба аҳамияти таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, оқибатҳои хисороти ин падидади манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Муқовимат бо фасод – омили рушд», «Тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Муқовимат ба коррупсия муттаҳидии ҷомеаро тақозо мекунад», «Таъсири омилҳои коррупсионӣ ба психология ва шуури инсон» ва «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти пешгирии коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ» маърӯза намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҷамъомадҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамояд.

Дар фарҷом иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлӯҳои гуногуни падидаи коррупсияро мавриди музокира қарор доданд.

АКСҲО: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Декабрь 8, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд