Дар Душанбе даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2021», «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-2021» баргузор мегардад

Декабрь 22, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 22.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021»  22-24 декабр,  «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом меёбад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».

Дар робита ба баргузории озмун 21 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, аъзои Комиссия аз сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷаласаи Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, вобаста ба ҷараёни баргузории даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф аз масъулин пурсон гардид.

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода вобаста ба баргузории даври ноҳиявии озмун зикр намуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Мураббии сол-2021»,  «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-21», ки Низомномаи озмунҳои мазкур тасдиқ гардидааст, дар шаҳри Душанбе тибқи қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф баргузор карда шуд.

Дар натиҷа ғолибони озмуни “Мураббии сол-2021”, “Омўзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” муайян гардида, аз ҳар ноҳия якнафарӣ довталабон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дастур дода шуд, ки шаффофияти озмунҳо таъмин карда шуда, ҷараёни он пурра тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда шавад.

АКСҲО аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 22, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид