Дар Душанбе тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони Рӯдакӣ 33а-и шаҳри Душанбе филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC мавриди истифода қарор дода шуд. Ин аввалин тарабхонаи брендӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки айни замон зиёда аз 100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудааст, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими ба истифодадиҳии тарабхона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ширкат варзиданд.
Дар назар аст, ки дар Маркази савдои Душанбе Молл ва Маркази савдои Сиёма Молл филиалҳои навбатии тарабхона ифтитоҳ гарданд.
Дар ин тарабхона асосан тамоми хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур буда, тамъи хосса доранд, омода карда мешаванд. Аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон доранд, то дар тарабхонаи наву замонавӣ ба истеъмоли хӯроки табъи дил машғул шаванд.
Дар оянда дар шаҳри Душанбе боз ифтитоҳи 3 филиали ин тарабхона дар назар дошта шуда, дар маҷмуъ 300 нафар сокинони пойтахт бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад






