Дар Фархор вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2021/АМИТ «Ховар». 1 декабр дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё намудани ҳамкорӣ миёни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқот доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.
Дар вохӯрӣ намояндагону собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуда, бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисони кумитаи маҳалҳо, имомхатибон ва сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳия дар мавзӯъҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ, назорат ва тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, ҳимояи марзу бум ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо сарҳадбонон суҳбат намуданд.
«Вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Афғонистон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, водор месозад ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд — ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва барпокунандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад», зикр шуд дар мулоқот.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки тамоми сокинони ҷумҳурӣ бояд атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан фаъол бошанд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳифзи пурраи сарҳад- ин таъмини истиқлолият, ваҳдат, манфиати миллӣ ва иқтисодиёти он мебошад. Сарҳадбони тоҷик имрӯз на фақат марзи аҷдодии худро ҳимоя мекунанд, балки барои зиндагии оромонаи кишвар ва мардуми худ бори масъулияти хеле зиёд бар дӯш доранд.
Муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, кӯшиш бояд намуд, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
АКСҲО: маркази матбуоти раиси н. Фархор








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






