Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷикро гарм истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик аз Чемпионати Осиё-Уқёнус, ки дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор гардид, бо ба даст овардани 8 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар охирин рӯзи мусобиқа дар вазни то 81 кг ду паҳлавони тоҷик ба рақобати ниҳоӣ баромада, дар ниҳоят Шодмон Ризоев парчами моро дар садри парчамҳо қарор дод ва Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо 4-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон дар сатҳи баланд сурат гирифт. Дар чемпионати мазкур 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим миёни писарон 9 варзишгар — Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа соҳиби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.
Медали тиллоро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг сазовор гашт. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилов пирӯз шуд.
Шодмон Ризоев соли 2019 дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон дар Тайпейи Чин дар вазни -66кг медали нуқра гирифта буд.
Абубакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) сазовори медали нуқра, Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳаммад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






