Дар Хуҷанд шуъбаи гемодиализи Беморхонаи клиникавии N1 ба истифода дода шуд

Декабрь 17, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи гемодиализи Беморхонаи клиникавии N1-и ба номи С.Урунов баъд аз таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд. Шуъбаи мазкур бо 3 адад дастгоҳи диализатори муосир таҷҳизонида шуда, дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид барои муолиҷаи беморони дорои бемориҳои музмини гурда фароҳам оварда шудааст, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи гемодиализи Беморхонаи клиникавии N1 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «TIKA» таъмири пурра гардида, ба истифода дода шуд.

Зикр шуд, ки шуъбаи мазкур дар миқёси вилоят ягона буда, ба беморон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят хизмат мерасонад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 17, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд