Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид

Сентябрь 21, 2026 16:36

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо  ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35-солагии Истиқлолияти Туркманистон: уфуқҳои нави дӯстии туркманҳову тоҷикон ва шарикии амиқи стратегӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Конфронс ҳамчун майдони муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон, таҳкими шарикии стратегӣ, густариши ҳамкории байнидавлатӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию таълимӣ ва фарҳангию гуманитарӣ арзёбӣ гардид.

Дар конфронс дастовардҳои асосии ду давлат дар солҳои истиқлол, дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин саҳми Тоҷикистон ва Туркманистон дар таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ба рушди муколамаи сиёсӣ байни ду давлат, дипломатияи парламентӣ ва густариши ҳамкории байнидавлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Баргузории конфронс дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Туркманистон барои баррасии таҷрибаи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон заминаи муносиб фароҳам меорад.

Иброз шуд, ки давоми 35 соли Истиқлоли Туркманистон ин давлат роҳи назаррасеро дар самти ташаккули давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ тай намудааст. Дар кишвар якчанд лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва иҷтимоӣ амалӣ гардидаанд. Дар ин замина муносибатҳои байни Тоҷикистону Туркманистон ҷойгоҳи хосса доранд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат 27 январи соли 1993 барқарор гардиданд. Давоми солҳои сипаришуда муколамаи дуҷониба хусусияти устувор ва фарогир касб намуда, соли 2017 муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи нав бароварда шуданд — байни онҳо Аҳдномаи барқарор намудани шарикии стратегӣ ба имзо расид.

«Имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз 130 санади дуҷонибаро дар бар мегирад. Ин гувоҳи он аст, ки ҳамкории ҳарду ҷониб амалан тамоми самтҳои муҳим — муколамаи сиёсӣ, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг ва ҳамкории гуманитариро фаро мегирад»,–таъкид гардид дар конфронс.

Конфронс ба табодули афкору андешаҳои илмӣ ва коршиносӣ, рушди муколамаи созанда ва муайян намудани дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Туркманистон дар роҳи таҳкими дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, сулҳ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

 

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2026 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд