Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст

Сентябрь 21, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 11 сентябр кишоварзони Тоҷикистон аз 275 ҳазору 290 гектар 866 ҳазору 754 тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ намудаанд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 40-сентнериро ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли равон дар 286 ҳазору 679 гектар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ зироати ғалладонагӣ кишт карда шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳосили ғалладонагиҳо 1,4 миллион тонна бештар шудааст. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 1,7 миллион тонна ғалладонагӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 1,4 миллион тонна ё 6 маротиба зиёд аст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ майдони кишти зироати ғалладонагӣ 375 ҳазору 709 гектарро ташкил додааст.

Ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 21, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст