Дар Кӯлоб ҷаҳонишавии «Фалак»-ро бо тантана ҷашн мегиранд

Декабрь 24, 2021 11:13

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24  декабр соати 15:00 дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудани номинаи «Фалак» ва рӯнамоии  китоби Ҷонибеки Асрориён  таҳти унвони  «Фалак сайри таърихӣ ва тасвири фарҳангшиносӣ»  маъракаи идонаи фарҳангӣ баргузор мегардад, хабар доданд  ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Ҷамъомади мазкур  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ташкил гардида, дар он олимону донишмандони санъати «Фалак» ва фалаксароён аз шаҳру минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж (тариқи онлайн) баргузор гардид) номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Дар  соли таърихии  мамлакат – ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пазируфта шудани  боз як ибтикор ва ташаббуси дурандешона, хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО)    беҳтарин туҳфа ва   хушхабар  барои мардуми шарифи  Тоҷикистон гардид.

 

Декабрь 24, 2021 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад