Дар Кӯлоб тақрибан 10 кг афюн дарёфт ва мусодира карда шуд

Декабрь 1, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истиқоматкунандаи деҳаи  Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Рустам Сидиқов барои интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори махсусан калон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дастгир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Амалиёти мазкур 16 ноябр гузаронида шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз дохили воситаи нақлиёте, ки Рустам Сидиқов маводи нашъаоварро интиқол медод, як адад халтаи полиэтилении рангаш сафед, ки дар дохили он як халатаи дигари рангаш кабуд бо навиштаҷоти «Тангем» иборат аз 10 адад бастаи селофании дорои маводи хамирмонанди ҷигариранги бӯи махсусдошта мавҷуд буд, дарёфт ва гирифта шуд.

Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ, маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи афюн буда, вазни холиси онҳо 9 кг 855 граммро ташкил дод.

Муайян карда шуд, ки Рустам Сидиқов воситаи нашъадори навъи афюнро ба мақсади хариду фӯруши ғайриқонунунӣ соҳиб шудааст.

Ҳамин тариқ нисбат ба шаҳрванд Рустам Сидиқов ва дигарон бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки қисми 3-и моддаи болозикр ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол пешбинӣ менамояд.

Пӯшида нест, ки муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир барои бисёр кишварҳо ба омили ҷиддии бесубот табдил ёфта, на танҳо ба саломатӣ ва амнияти миллионҳо одамон таҳдид мекунад, балки барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи иқтисодӣ ва саломатии аҳолӣ хатари ногувор ба вуҷуд меоварад.

Бинобар ин, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат муроҷиат карда, зикр менамояд, ки вазъияти кунунӣ ҳар фарди бо нангу номуси кишварро водор месозад, то масъулиятшиносиро аз даст надода, дар пешгирӣ ва муқовимат ба ин вабои аср бетараф набошад.

АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Декабрь 1, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад