Дар Кӯлоб тақрибан 10 кг афюн дарёфт ва мусодира карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истиқоматкунандаи деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Рустам Сидиқов барои интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори махсусан калон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дастгир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Амалиёти мазкур 16 ноябр гузаронида шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз дохили воситаи нақлиёте, ки Рустам Сидиқов маводи нашъаоварро интиқол медод, як адад халтаи полиэтилении рангаш сафед, ки дар дохили он як халатаи дигари рангаш кабуд бо навиштаҷоти «Тангем» иборат аз 10 адад бастаи селофании дорои маводи хамирмонанди ҷигариранги бӯи махсусдошта мавҷуд буд, дарёфт ва гирифта шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ, маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи афюн буда, вазни холиси онҳо 9 кг 855 граммро ташкил дод.
Муайян карда шуд, ки Рустам Сидиқов воситаи нашъадори навъи афюнро ба мақсади хариду фӯруши ғайриқонунунӣ соҳиб шудааст.
Ҳамин тариқ нисбат ба шаҳрванд Рустам Сидиқов ва дигарон бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки қисми 3-и моддаи болозикр ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол пешбинӣ менамояд.
Пӯшида нест, ки муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир барои бисёр кишварҳо ба омили ҷиддии бесубот табдил ёфта, на танҳо ба саломатӣ ва амнияти миллионҳо одамон таҳдид мекунад, балки барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи иқтисодӣ ва саломатии аҳолӣ хатари ногувор ба вуҷуд меоварад.
Бинобар ин, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат муроҷиат карда, зикр менамояд, ки вазъияти кунунӣ ҳар фарди бо нангу номуси кишварро водор месозад, то масъулиятшиносиро аз даст надода, дар пешгирӣ ва муқовимат ба ин вабои аср бетараф набошад.
АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд






