Дар Кобул боз таркиш ба амал омад

Декабрь 1, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи сешанбеи 30 ноябр дар назди як мактаб дар Кобул — пойтахти Афғонистон таркиши пуриқтидор рух дод, ки дар натиҷа чанд нафар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ.

Ба иттилои шабакаи телевизионии 1TV News, таркиш дар назди бинои мактаби калон рух додааст. Шабакаи телевизионии дигар — Ariana News хабар медиҳад, ки минаи канори роҳ таркидааст.

Шоҳидони айнӣ ба хабарнигори ин шабака гуфтанд, ки дар ин таркиш ҳадди ақалл панҷ нафар, аз ҷумла аз неруҳои ҳаракати тундгарои «Толибон»* маҷрӯҳ шудаанд.

Аввалҳои моҳи август толибон ҳамлаи худро бар зидди неруҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.

Шаби 31 август ҳарбиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи ҳукмронии якуми толибон вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон гардид.

_______________________

* «Толибон» – ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

                                           АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд