Дар Кумитаи кор бо ҷавонон масъалаи пешгирии савдои одамон ва баробарии гендерӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба баробарии гендерӣ ва ҷанбаи гендерии савдои одамон, аз ҷумла хатарҳои савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, пешгирии ҳамаи шаклҳои савдои одамон ва дастрасӣ ба воситаҳои муассири ҳифзи ҳуқуқӣ зимни вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо гузоришгари вежаи СММ оид ба савдои одамон Шивон Маллалли мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки аз ҷониби масъулини Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату сохторҳои қудратӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи муштарак вобаста ба савдои одамон ва оқибатҳои он дар ҳаёти шаҳрвандон, ҳолатҳои даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ задани наврасону ҷавонон, зӯроварӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миёни наврасону ҷавонон ва сокинони маҳал доир карда мешавад.
Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар тамоми миқёси ҷаҳон 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҳоло боиси нигаронӣ ва ба ташвиш омадани ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бо ин мақсад бо дастгирӣ ва роҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






