Дар «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» иди Соли навро бо тантана ҷашн гирифтанд

Декабрь 30, 2021 13:14

 ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри  Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Муассисаи давлатии таълимии  «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Ҳамчунин барои онҳо  дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангии пешниҳодгардида  шукӯҳи ин идро  афзун гардонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Литсейи мазкур.

 Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба тарбиятгирандагон гуфт, ки ин иқдом  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои хайрхоҳонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.

«Дастгирии наврасону ҷавонон ва ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани онҳо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар,  хоса Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Пешвои миллат борҳо ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа  муроҷиат карда гуфтанд, ки «Ман Шуморо ҳаргиз хору зор шудан намемонам!». Роҳбарияти шаҳри  Душанбе  низ дар ин пайравӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста ба наврасону кӯдакон ва дигар шахсони ниёзманд тадбирҳои зарурӣ меандешад»,-афзуд Мавсума Муинӣ.

Намояндагони Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри  Душанбе  ва Бонки миллии Тоҷикистон  бо  вазъи феълии муассиса ва шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагон шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» таълимгоҳи махсус буда, аз соли 1947 ин ҷониб фаъолият дорад. Муассиса ягона таълимгоҳи махсус мебошад, ки дар он наврасони синни 14-18-сола аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои таълиму тарбия ва омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.

Таълимгирандагон асосан ятимони кулл, нимятимон, фарзандоне, ки волидайнашон онҳоро саробонӣ намекунанд ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошанд.

АКСҲО: Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе

Декабрь 30, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд