Дар Маҷлиси намояндагон робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаластин баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд, ки зимни он вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Фаластин ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки МН МО ҶТ бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.
«Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад»,-афзуд Зоир Раҳмонзода.
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Ғайрат Азиззода, Ғиёсиддин Ашурзода ва муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Талабшоҳ Шарифзода иштирок намуданд.
АКС: МН МО ҶТ








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






