Дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Деваштич корҳои биотехникӣ анҷом дода шуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоев»-и ноҳияи Деваштич барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хӯроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар ду мавзеъ корҳои биотехникӣ доир гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мавзеи Шировути ноҳияи Деваштич 200 кг картошка, 200 кг ҷав, 50 кг намак ва 20 банд хошоки дағал пошида шуд.
Инчунин дар мавзеи Даҳанасойи ноҳия бо иштироки муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо истифодаи 350 кг картошка, 300 кг ҷав, 200 кг шалғам, 60 кг намак ва 25 банд хошоки дағал корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди Хоҷагии ҷангали ноҳия тибқи маълумоти баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ, якчанд намуди ҳайвоноту паранда, аз ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгӯш, рӯбоҳ, хирс, бузи кӯҳӣ, кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






