Дар шаҳри Бохтар филиали КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид

Декабрь 31, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар шаҳри Бохтари  вилояти Хатлон Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»  филиали худро ифтитоҳ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк».

Дар маросими кушодашавии филиал Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода, муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, раиси шаҳри Бохтар ва меҳмонону соҳибкорони минтақа иштирок намуданд.

Дар оғози маросим Раиси Раёсат Ҳокимшоҳ Бобозода иброз намуд, ки «Саноатсодиротбонк» ҳамчун бонки давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани суръати рушди иқтисодиёти минтақа дар иртибот ба Паёми солонаи Пешвои миллат ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 тасмим гирифтааст филиалҳои худро ба маротиб зиёд намояд.

Зикр шуд, ки фаъолияти филиали бонк дар ин минтақа бевосита дастгирии молиявии корхонаҳои саноативу истеҳсолии навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродии самти корашон ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба шумор меравад.

Филиали бонк дар шаҳри Бохтар дорои 12 воҳиди корӣ буда, ҳама кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Бонки мазкур бо мақсади таъмини рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ ва зиёд намудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ тавассути иштирок дар лоиҳаҳо, ки ба рушди инфрасохтор, саноат, содирот, инноватсия, инчунин самаранокии неру, дастгирии содирот ва тавсеаи дастрасии маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ нигаронида шудааст, амал мекунад.

АКСҲО аз маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Декабрь 31, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст