Дар шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати бо кор таъмин намудани сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонанишин дар назди бинои ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар ярмарка намояндагони корхонаю ташкилоти шаҳри Кӯлоб иштирок карда, беш аз 70 ҷойи корӣ пешниҳод намуданд. Дар ин ярмарка 10 нафар роҳхат гирифта, 30 нафар барои касбомӯзӣ ба ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ҷалб карда шуд. То имрӯз аз шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб тариқи гузаронидани чунин ярмаркаҳо садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Таъсиси чунин ярмаркаҳо имконият фароҳам меорад, ки сокинон барои худ шуғли муносиб пайдо намоянд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






