Дар шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир шуд

Декабрь 20, 2021 16:23

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати бо кор  таъмин намудани сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонанишин дар назди бинои ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб»  ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар ярмарка намояндагони корхонаю ташкилоти шаҳри  Кӯлоб иштирок карда, беш аз 70 ҷойи корӣ пешниҳод намуданд. Дар ин ярмарка 10 нафар роҳхат гирифта, 30 нафар барои касбомӯзӣ ба ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб»  ҷалб карда шуд. То имрӯз аз шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб  тариқи гузаронидани чунин ярмаркаҳо садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Таъсиси чунин ярмаркаҳо имконият фароҳам меорад, ки сокинон барои худ шуғли муносиб пайдо намоянд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 20, 2021 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад