Дар Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Маркази Конгресси Селчуқлуи шаҳри Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа Мақсуд хабар медиҳад.
Форум бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия бо ибтикори Палатаи савдои Қуния дар ҳамкорӣ бо Палатаи саноати Қуния, Биржаи молии Қуния ва Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон ДЕИК доир шуд, ки дар он Вазири саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Форуми мазкур чунин ибрози назар намуд: «Мо имрӯз дар ин чорабинии бошукӯҳ барои беҳтар намудани сатҳи алоқамандии иқтисодию гардиши савдо байни давлатҳоямон ҳузур дорем. Мулоқот ва суҳбат бо ҷомеаи бизнеси Туркия- ин омилҳои асосии ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пеш аз ҳама, ба фароҳам гардидани фазои сармоягузорӣ, қонунгузории мувофиқ, қувваи кории арзон, захираҳои бойи табиӣ ва бисёр омилҳои дигар дар Тоҷикистон алоқаманд мебошад».
Шералӣ Кабир диққати ҳозирин ва сармоягузорони туркро ба бахшҳои энергетика, нақлиёт ва алоқа, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, коркард, туризм ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар фарҷоми Форум Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби вазирон Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк ба имзо расонида шуд. Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов-роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк- раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки дар қисми дуюми ҳамоиш пас аз гуфтушунидҳо дар формати B2B муассисаи давлатии «Маркази лоиҳакашӣ ва рушди технологияҳои нави саноатӣ»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 тафоҳумномаи сармоягузорӣ ба арзиши умумии $52 миллион имзо расид.
Ҳамчунин, дар формати B2B миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 10 ёддошт ва созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мурод Саидзода, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (World Bank Group), соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаҳои саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо, саноати химия ва мудофиа, пилла, саноати бофандагй ва сабук, саноати масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ ва ғайра иштирок намуданд.
Дар форуми мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия, Раиси шаҳри Қуния Угур Ибраҳим Алтай, волии шаҳри Қуния Ваҳдеттин Озкан, Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, раиси Шӯрои соҳибкорони Туркия — Тоҷикистон Ҷиҳангир Фикри Саатчиоглу, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия, раисон ва намояндагон аз палатаҳои савдо, Палатаи саноат, Биржаи молӣ, шаҳрдорӣ, роҳбарони партияҳо, намояндагон аз фирмаю ширкатҳои соҳаҳои гуногунҷанба, соҳибкорони турк, устодони донишгоҳҳои Қуния ва намояндагон аз матбуоти Туркия ширкат варзиданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»/ Сафорати Тоҷикистон дар Туркия













Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Дар Бохтар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ шуд






