ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи миллии ба номи Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб 1200 қаламчаи гули садбаргу 400 бех дигар намуди гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ороишӣ шинонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ҳамчунин дар ин рӯз боғпарваврони муассисаи мазкур 35 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида, роҳрав ва гулгаштҳои ҳудуди боғро тозаву озода намуданд.
Сокинони шаҳри Кӯлоб иқдом гирифтаанд, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
Тибқи иттилои мутахассисон, дар шароити Тоҷикистон асосан се давраи ниҳолшинонӣ: тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор мавҷуд аст.
«Дар фасли зимистон ниҳол шинонидан беҳтар аз он аст, ки дар фасли баҳор ва тирамоҳ шинонем. Чунки дарахти шинонидаи мо оҳиста-оҳиста ба шароити ҳамон минтақа мутобиқ шуда, то фарорасии фасли баҳор ба нашъунамо оғоз менамояд»,- мегӯянд олимони тоҷик.
АКСҲО аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб










МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






