ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ ГУЛЧЕҲРА ҚОҲИРОВА СОҲИБИ МУКОФОТИ «СИТОРАИ ИТТИҲОД» ГАРДИД. Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба лауреатҳо пагоҳ дар Москва барпо мешавад
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 декабр, соати 15.00 (бо вақти Москва) дар толори калони Хонаи Пашкови шаҳри Москва маросими ботантанаи супурдани мукофотҳо ба лауреатҳои мукофотҳои «Ситораи Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютӣ» баргузор мегардад. Ҳарду ҷоиза аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи ИДМ таъсис дода шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
«Ситораи Иттиҳод» ҷоизаи асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Намояндагони 9 кишвар имсол соҳиби он гардиданд: сарояндаи опера Елчин Азизов (Озарбойҷон), ректори Донишгоҳи Русияву Арманистон Армен Дарбинян (Арманистон), як гурӯҳи физикҳо Александр Тузиков, Сергей Золотой ва Сергей Кореняко (Беларус), шоир Олжас Сулейменов (Қазоқистон), президентҳои Академияҳои миллии илмҳо Мурат Ҷуматаев (Қирғизистон) ва Ион Тигиняну (Молдавия), ректори МГИМО Анатолий Торкунов (Русия), директори Институти астрофизика Гулчеҳра Қоҳирова (Тоҷикистон), роҳбари оркестри симфонии эстрадӣ Мансур Тошматов (Узбекистон).
Ҷоизаи ҷавонони “Иттиҳоди дебютҳо” имсол барои фаъолияте дода шуд, ки ба ҳифзи хотираи пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон равона шудаанд.
Ҷоизаҳо дар шакли омехта тақдим карда мешаванд. Лауреатҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими онлайн ширкат хоҳанд кард. Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка ба ифтихори онҳо дар саҳнаи Хонаи Пашков ҳунарнамоӣ мекунад. Дар маросим Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Русия Полад Булбул оглу, Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, директори иҷроияи IFESA Анатолий Иксанов иштирок мекунанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон ба осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид






