ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ ГУЛЧЕҲРА ҚОҲИРОВА СОҲИБИ МУКОФОТИ «СИТОРАИ ИТТИҲОД» ГАРДИД. Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба лауреатҳо пагоҳ дар Москва барпо мешавад

Декабрь 20, 2021 12:16

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 декабр, соати 15.00 (бо вақти Москва) дар толори калони Хонаи Пашкови шаҳри Москва маросими ботантанаи супурдани мукофотҳо ба лауреатҳои мукофотҳои «Ситораи Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютӣ» баргузор мегардад. Ҳарду ҷоиза аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи ИДМ таъсис дода шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази  матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

«Ситораи Иттиҳод» ҷоизаи асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Намояндагони 9 кишвар имсол соҳиби он гардиданд: сарояндаи опера Елчин Азизов (Озарбойҷон), ректори Донишгоҳи Русияву Арманистон Армен Дарбинян (Арманистон), як гурӯҳи физикҳо Александр Тузиков, Сергей Золотой ва Сергей Кореняко (Беларус), шоир Олжас Сулейменов (Қазоқистон), президентҳои Академияҳои миллии илмҳо Мурат Ҷуматаев (Қирғизистон) ва Ион Тигиняну (Молдавия), ректори МГИМО Анатолий Торкунов (Русия), директори Институти астрофизика Гулчеҳра Қоҳирова (Тоҷикистон), роҳбари оркестри симфонии эстрадӣ Мансур Тошматов (Узбекистон).

Ҷоизаи ҷавонони “Иттиҳоди дебютҳо” имсол барои фаъолияте дода шуд, ки ба ҳифзи хотираи пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон равона  шудаанд.

Ҷоизаҳо дар шакли омехта тақдим карда мешаванд. Лауреатҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими онлайн ширкат хоҳанд кард. Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка ба ифтихори онҳо дар саҳнаи Хонаи Пашков ҳунарнамоӣ мекунад. Дар маросим Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Русия Полад Булбул оглу, Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, директори иҷроияи IFESA Анатолий Иксанов иштирок мекунанд.

                                              АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2021 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад