Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи II байналмилалии интернет-донишҷӯёни «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон», ки аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва шарикии ғайритиҷоратии «Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Авруосиё-Волга» баргузор гардид, сазовори як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми факултет Муҳаммад Ибрагимов сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи курси чоруми факултети мазкур Ромиш Наврӯзов ва донишҷӯи курси се Мубориз Низомов сазовори ҷои дуюм гардиданд. Инчунин Шерзод Ҳакимов, Тоҷиддин Одиназода ва Динора Қаландарова ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардида буд.
АКС аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд






