Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд

Декабрь 30, 2021 14:43

 ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи II байналмилалии интернет-донишҷӯёни «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон», ки аз ҷониби  Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва шарикии ғайритиҷоратии «Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Авруосиё-Волга» баргузор гардид, сазовори як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми факултет Муҳаммад Ибрагимов сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи курси чоруми факултети мазкур Ромиш Наврӯзов ва донишҷӯи курси се Мубориз Низомов сазовори ҷои дуюм гардиданд. Инчунин Шерзод Ҳакимов, Тоҷиддин Одиназода ва Динора Қаландарова ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардида буд.

 

АКС аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд