«ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД-2021». Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон маросими натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда доир гардид

Декабрь 18, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид. Дар маросими мазкур  аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстиву рафоқати сокинони Душанбе ба ҷониби Қаракули Қирғизистон, ки дар соли 2022 унвони пойтахти фарҳангии Иттиҳодро соҳиб гардидааст, туҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросими расмии пӯшидашавии  лоиҳаи  «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ,  намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корпусҳои дипломатии  муқими Тоҷикистон,  олимону адибон  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ истиқбол намуданд.

Дар даромадгоҳи театр аз ҷониби масъулин намоиши китоб ва растаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, чубтарошӣ, мисгарӣ  ташкил гардида буд, ки   аз тамошои он меҳмонон бо  ҳунари волои миллати  тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Нахуст ба иштирокчиёни чорабинӣ филми кутоҳмуддати «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021», ки бозгӯи навовариву дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии пойтахт, бахусус дар солҳои охир мебошад, намоиш дода шуд.

Амирхон Қурбонзода,  аз ҷумла гуфт,  ки шарафёб шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод  мояи  ифтихор ва сарбаландии на танҳо сокинони  шаҳр, балки тамоми   мардуми шарафманди  Тоҷикистон мебошад.

Дар соли таърихӣ — ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ин унвон сарафроз шудани пойтахт барои сокинон масъулияти баланд буда, дар соли равон дар пойтахт таҳти роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, як зумра  тадбирҳои фарҳангиву маърифатӣ, ки баҳри муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик мусоидат менамояд, роҳандозӣ   гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумаханов баромад намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар соли 2021 дар сатҳи баланд ва зарурӣ амалӣ намудани барномаи байни давлатии «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод»  изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангииИттиҳод-2021»   21 марти соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида,  аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумаханов ва директории иҷроияи Бунёди байни давлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов Сертификати эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида шуда буд.

Тавре Сардори шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов зикр намуд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи байни давлатии «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» таҳия гардида, дар робита ба он дар ин давра беш аз 300 чорабиниҳои мухталифи байналмилаливу сатҳи миллии фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ, фестивалу озмунҳо, аз ҷумла тариқи маҷозӣ гузаронида шуда, як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таъмиру таҷдид карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод», яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими ҳарчӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои мазкур ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Дар идомаи чорабинии мазкур баҳри болидахотирӣ дастагули мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез, ки аз ҷониби устодони санъати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қирғизистон, Молдова, Узбекистон ва Тоҷикистон омода гардида  буд, пешкаши меҳмонону иштирокдорони барнома  шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон аз кишварҳои узви ИДМ барномаи фароғатӣ — сайёҳӣ низ ташкил гардидааст, ки дар доираи он давоми ду рӯз  боздиди  онҳо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, Қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеҳои сайёҳии пойтахт дар назар дошта шудааст.

Зрангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ҷараён доранд
Пешниҳод гардид, ки ба Душанбе унвони «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» дода шавад
Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ аз рӯи номинаи «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ» сазовори ҷои аввал гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Иҷлосияи 28-уми Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург ба таври маҷозӣ иштирок кард
ЭЪЛОН! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пурра ба бинои собиқи МТС кӯчид
«ШАҲРИ ГУЛРЕЗ». Душанберо ба макони сарсабзу хуррам ва гулафшон табдил медиҳем
Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ шуд
Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ — Душанбе» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НИММАРАФОНИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ-2022. Варзишгарон аз Кения ва Эфиопия миёни мардон ва занон ғолиб омаданд
«ШАҲРИ ИШҚАМ, ШАҲРИ БАХТАМ, ШАҲРИ АРМОНАМ, ДУШАНБЕ!». Меҳрномаи шоирон дар васфи пойтахти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, ИН ГУЛАФШОНАТ МУБОРАК! Сайре ба боғҳои шаҳр дар Рӯзи пойтахт