Филми мустанади «Шаҳрсозон» соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивали «Шаҳри ман» гардид
ДУШАНБЕ,18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 17 декабр дар Кинотеатри «Ватан» маросими ҷоизасупории Фестивали филмҳои мустанади телевизионии «Шаҳри ман» доир шуд. Фестивали мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо мақсади муаррифии ҳарчӣ бештари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Шоҳҷоизаи фестивал барои беҳтарин филми мустанади телевизионӣ дар мавзӯи шаҳрсозӣ ва меъморӣ насиби филми «Шаҳрсозон»-и Ҷамолиддин Фахриддин аз телевизиони «Душанбе» гардид.
Аз рӯйи номинаи беҳтарин филми телевизионӣ дар мавзӯи сохтмони шаҳри Душанбе муаллифи барномаи «Истиқбол аз Истиқлол»–и Телевизиони «Тоҷикистон» Садриддин Охонов, дар мавзӯи маориф — муаллифи барномаи «Душанбе–боргоҳи маърифат»-и телевизиони «Синамо» Масрур Раҷабов, дар бахши фарҳанг- муаллифи барномаи «Душанбе-инфографика»-и телевизиони «Сафина» Алишер Қаландаров, дар номинаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — муаллифи барномаи «Олами сайёҳат»-и телевизиони «Ҷаҳоннамо» Ҳофиз Абасаев, дар бахши фарҳанги шаҳрнишинӣ — муаллифи барномаи «Ангора»-и телевизиони «Илм ва табиат» Валиҷон Назаров, дар мавзуи сохтмони роҳҳои шаҳри Душанбе — муаллифи барномаи «Масири рушд»-и телевизиони «Синамо» Фаррух Файзуллоев, дар мавзӯи наврасони шаҳри Душанбе — муаллифи барномаи «Истеъдод»-и телевизиони «Баҳористон» Ҳалима Ғолибова, дар мавзӯи варзиши Душанбе- муаллифи барномаи «Самт»-и телевизиони «Варзиш» Сорбон Мисаев, дар мавзӯи хизматрасонӣ — муаллифи барномаи «Шаҳри сероб»-и телевизиони «Синамо» Самариддин Назаров ва дар мавзӯи тандурустӣ — муаллифи барномаи «Ҳикмати шифо»-и Саида Раҳимова, беҳтарин филми телевизионӣ дар мавзӯи созандагӣ муаллифи «Рамзи Истиқлол»-и телевизиони «Синамо» Насиба Бозорова ғолиб дониста шуданд.
Дар маросими мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Раҳимзода, муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» Садриддин Шамсуддинзода изҳори назар карда, аз ҷумла иброз доштанд, ки бо дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ва махсусан чанд соли охир боз ҳам зебову назаррабо гардидааст. Симои Душанбешаҳр ба таври шинохтанашаванда дигаргун гардидааст, ки бо ободиву хуррамӣ дили сокинону меҳмонони хориҷиро тасхир менамояд. Ҳамин аст, ки шаҳри Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) — шаҳри сайёҳӣ эълон шуд.
Бояд гуфт, ки иқдоми Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» — баргузор намудани Фестивали телевизионии «Шаҳри ман» дар тарғиби дастовардҳои пойтахтамон шаҳри Душанбе нақши муҳим мебозад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»
















Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






