Гурезаҳои афғон ба таври оммавӣ ба Эрон мераванд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Эрон мехоҳад бо сабаби вазъ дар Афғонистон ва вуруди оммавии муҳоҷирон пас аз тасарруфи қудрат аз сӯи «Толибон» (созмони дар Тоҷикистон ва якчанд давлатҳои дигар мамнӯъ) раёсат оид ба корҳои гурезагон таъсис диҳад, хабар медиҳад агентии IRNA.
«Таъсиси созмоне, ки мушкилоти миллионҳо муҳоҷирро бояд ҳал кунад, дар рӯзномаи кори ҳукумат қарор дорад»,- иброз намуд Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ. Ба маълумоти Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон, аз аввали соли 2021 то кунун беш аз 500 ҳазор паноҳандагон вориди Эрон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол шумораи умумии паноҳандагон аз Афғонистон дар Эрон 2,2 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ва ҳудуди 780 ҳазор нафареро ташкил медиҳад, ки дар ин кишвар ба таври доимӣ умр ба сар мебаранд.
Комиссари олии СММ оид ба корҳои гурезагон Филиппо Гранди даъват намуд, ки ба Эрон барои ҷо ба ҷо кардани гурезагон кумак расонида шавад.
АКС: Andrew Harnik/Reuters








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






