Хабари маркази матбуоти Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош, зери хатар мондани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ба маблағи калон ҷаримабандӣ гардида, аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки нисбати Чоршанбиев Ч.А. моҳи майи соли 2014 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ барои ҷинояти дуздии моликияти шахсии сокини шаҳри Хоруғ Мамадкаримов Абулназар бо моддаи 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, моҳи ноябри соли 2014 Қонуни авф татбиқ гардидааст. Вале номбурда аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, мунтазам ба қонуншиканиҳо идома додааст (қонуншиканиҳои Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович дар Федератсияи Россия, нигаред ба сайтҳои шабакаҳои телевизионии «Россия-24», «Россия-1», НТВ).
Ӯ ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст.
Нисбат ба Чоршанбиев Ч.А. дар асоси маводҳои мавҷуда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурда дастгир карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Чоршанбиев Ч.А. аз лаҳзаи дастгиршавӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вакили дифоъ таъмин шудааст.
Ба хешовандони наздики Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович дар бораи дастгир кардани ӯ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои мазкур расман хабар дода шуд.
АКС аз бойгонӣ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






