Хадамоти иҷро 37,9 млн сомониро ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ситонид
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Дар самти ситонидани маблағи зарар, қарз ва дигар баҳсҳои иқтисодӣ дар истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамот дар соли 2021 415 адад ҳуҷҷатҳои иҷро аз рӯи санадҳои судӣ ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои иҷрои маҷбурӣ ворид гардида, аз ин 37,9 млн сомонӣ, 1 млн 625 ҳазор доллари ИМА ва 3 млн 834 ҳазор рубли Федератсияи Русия ситонида шудааст». Ин матлаб зимни баргузории суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Иҷрои санадҳои судӣ дар самти ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон – яке аз кафолатҳои ҷалби инвеститсионӣ дар кишвар» зикр карда шуд.
Тавре аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори он намояндагони ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия, адлия, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Иттифоқи адвокатҳо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамот дар давраи фаъолият ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фоизи иҷрои воқеӣ назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.
Зикр карда шуд, ки баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди он 17 июли соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардид, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад.
Аз ҷониби иштрокчиён зикр гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, ки иҷрои онҳо манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барқарор намуда, барои ҷалби сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меоварад, сари вақт бояд тадбирҳои таъминотӣ андешид.
Аз тарафи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар рафти мурофиаҳои судӣ аз 415 адад ҳуҷҷатҳои иҷрои воридгардида дар 29 ҳолат чораҳои таъминотӣ татбиқ гардидааст, ки 5,3% ҳуҷҷатҳои воридгардидаро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки сари вақт наандешидани тадбирҳои таъминотӣ боиси аз тарафи қарздорон то лаҳзаи ба истеҳсолоти иҷрочиён ворид гардидани ҳуҷҷати иҷро сабаби бегона кардани молу мулки манқул ва ғайриманқул, маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳо мегарданд
Иштирокдорон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли иҷрои санадҳои судӣ бобати ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон таклифу пешниҳодҳо изҳор доштанд.
Ҳамоиш ба дарёфти ҳалли мушкилиҳои соҳа ва рушди соҳибкорӣ замина гузошта, ба ҷалби инвеститсия дар кишвар такон мебахшад. Мизи мудаввар бо дастгирии шарикии рушди намояндагони Барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АКС: Хадамоти иҷро








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






