Хадамоти иҷро дар арафаи Соли нави мелодӣ ба пиронсолону маъюбон кумак расонид
ДУШАНБЕ, 29.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ба муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон”-и шаҳри Турсунзода кумаки маводҳои эҳтиёҷотӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, уребча (памперс), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, сони сафед расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Ҳадамоти иҷро хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, инчунин ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот кумаки маводҳои ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз ва туҳфаҳои солинавӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот расонида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба муассисаи таълимии “Хона-интернат”-и ноҳияи Спитамен маводҳои зарурӣ, ба мисли бистар (курпа), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, ба филиали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар ва филиали ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар кӯмаки молиявӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус расонида шуд.
Бояд гуфт, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону маъюбон ва пиронсолон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон, пиронсолон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ин амали хайр анҷом дода мешавад.
АКСҲО: Хадамоти иҷро










Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






