Хуршед Назаров бо камарбанди чемпионӣ аз Русия ба Ватан баргашт

Декабрь 28, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз варзишгари  шинохтаи тоҷик Хуршед Назаров баъди дарёфти камарбанди чемпионӣ дар Лигаи АСА Young Eagles 23 ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парчамбардори кишварро ҳаводорони зиёди ин риштаи варзиш  гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Ҳаводорони зиёди намудҳои муҳорибаҳои омехта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омада, дастоварди варзишгари муваффақи тоҷик Хуршед Назаровро самимона истиқбол намуданд.

Ин варзишгари шинохтаи тоҷик чанде пеш дар рақобати ниҳоии мусобиқаи Лигаи АСА Young Eagles 23 бо намояндаи Ҷумҳурии Чеченистон Асвад Аҳмадов қувва санҷида, бо ҳисоби 5:4 дастболо шуд. Рақобати  варзишгарон шоми 25 декабр дар шаҳри Грозний баргузор гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ин аввалин камарбанди чемпионии Хуршед Назаров дар Лигаи АСА Young Eagles ба шумор меравад. Ҳоло баъди ин пирӯзӣ шумораи ғалабаҳои варзишгари тоҷик ба 9 адад расид. Ӯ дар фаъолияти варзишиаш боре ҳам шикаст нахӯрдааст.

                                                                                                                       АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 28, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад