«НУРИ РӮШНОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Имрӯз доир ба баррасии Барномаи рушди Ҳисор машварати ҷамъиятӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва дар доираи Ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон»* доир ба баррасии Барномаи таҳияшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳисор барои солҳои 2021-2025 бо ворид намудани тадбирҳои афзалиятноки пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ нисбат ба занон ва духтарон, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила чун яке аз ҳадафҳои рушди устувор ба боби 4 оид ба бахши иҷтимоии қисмати “Доир ба корҳои занон ва оила ва масъалаҳои гендерӣ» машварати ҷамъиятӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Бунёди паст кардани сатҳи камбизоатӣ» хабар доданд.
Дар мамлакат таҷрибаи таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, баргузории маҷлисҳои ҷамъиятӣ васеъ паҳн гардида, дар ин самт таҷрибаи кофӣ вуҷуд дорад ва заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба ҷорӣ кардани ин таҷриба дар Тоҷикистон солҳои охир, бахусус дар заминаи зарурати Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 дар заминаи миллӣ кунонидани ҳадафҳои рушди устувор афзоиш меёбад.
Машварати ҷамъиятӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Хазинаи коҳиши камбизоатӣ дар доираи чорабиниҳои иқдоми «Нури равшанӣ» оид ба маҳв намудани хушунати ҷинсӣ ва гендерӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар муҳокимаи оммавӣ ширкат варзида, андешаи худро баён кунанд.
_____________________________________
*Ташаббуси «Нури рӯшноӣ» — ин иқдоми ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳв намудани ҳамаи шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон то соли 2030 мебошад.
АКС: аз бойгонӣ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






