ИМРӮЗ – РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари шашуми пешсафи сайёра мебошад
ДУШАНБЕ, 22.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1936 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабр Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол то сол меафзояд. Зеро шумораи аҳолии ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳо барпо ва ҳазорон манзили истиқоматии нав бунёд мешаванд, ки ин ҳама зарурати истеҳсоли неруи барқи иловагиро ба миён меорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд ва барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои судманд меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси миллӣ зикр доштанд, ки имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари шашуми пешсафи сайёра мебошад.
Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии мамлакат навсозӣ гардид.
Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидори энергетикии иловагӣ бунёд шудааст. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.
Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии мамлакатро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ мешавем.
«Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд. Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад»,- иброз намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди НБО «Роғун» ва таҷдиди НБО «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.
Тибқи баҳои коршиносони байналмилалӣ, ташаббуси Пешвои миллати Тоҷикистон дар бунёди НБО-и «Роғун» паёми шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири давлатдорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин карда, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназир ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд.
Сардори Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба хизматҳои кормандони соҳаи энергетикаи мамлакат иброз дошт, ки маҳз заҳматҳои шабонарӯзии 13 ҳазор кормандони соҳаи мазкур аст, ки имрӯз миллати тоҷик зери равшании чароғи хонаву коргоҳашон фаъолият менамоянд. Мутаассифона, бархе сокинон боре ҳам андеша намекунанд, ки ин равшанӣ бо чӣ қадар азобу машаққат ба хонаву коргоҳи онҳо мерасад. Аз ин лиҳоз сокинонро зарур аст дар самти истифодаи қувваи барқ ҳамеша сарфакор бошанд.
Сармуҳандиси НБО «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода зикр дошт, ки «таърих гувоҳ аст, ки НБО «Норак» маҳсули дӯстиву рафоқат ва нияту ормонҳои неки мардумони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буда, расо 49 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1972 нахустин киловаттҳои қувваи барқро истеҳсол намудааст. Ин неругоҳ то ба имрӯз чун неруи зиндагисоз пайваста дар хизмати халқу мамлакат аст».
«Аз ҷониби Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таҳлилҳо гузаронида мешаванд. Мувофиқи маълумоти коршиносон, истифода аз таҷҳизоти каммасрафи барқ имкон медиҳад, ки неруи барқ то 4 маротиба сарфа гардад. Дар сурати мақсаднок истифода бурдани неруи барқ аз ҷониби шаҳрвандон имкони расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ бештар мегардад»,- мегӯяд сармутахассиси Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Аслиддин Камолов.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, ба истифода супоридани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагонро бо неруи барқ вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, онро бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ мекунад. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти оқилона ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ бетараф набошем.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»