«IRS». Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок тозакунии роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш бомаром ҷараён дорад

Декабрь 14, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар масири  мошингарди Душанбе-Чанок — аз  километри 28 то 258-уми роҳ бориши барф идома дошта,  кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳи содиқ тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжишро бомаром ба роҳ мондаанд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Айни ҳол роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат дар баъзе маврид барои гузариши «Фура» ва мошинҳои боркаши ядакдор (притсепдор) маҳдудият ҷорӣ шудааст.  Ин иқдом ба хотири эҷод нашудани монеа ба ҳаракати дигар намуди нақлиёт, хосса мошинҳои сабукрав ба роҳ монда шудааст.

АКС: маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ

Декабрь 14, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд