Канслери нави Олмон савганд ёд кард

Декабрь 9, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сотсиал-демократ Олаф Шолтс ҳамчун конслери нави Ҷумҳурии Федеративии Олмон савганд ёд кард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо такя ба шабакаи N24.

«Савганд ёд мекунам, ки тамоми неруи худро ба некӯаҳволии мардуми Олмон бахшида, сарвати онро дучанд мекунам, онро аз зарар дидан муҳофизат менамоям, риояи қонун ва ҳифзи Қонуни асосӣ ва қонунҳои федератсияро амалӣ мекунам, ваъда медиҳам, ки масъулияти худро иҷро карда, адолатро нисбат ба ҳар нафар риоя мекунам»,-гуфт роҳбари нави Ҳукумат.

Формулаи тибқи Конститутсия навишташуда бо ибораи «Худованд ба ман кумакрасон бошад» ба итмом мерасад, ки сиёсатмадорон метавонанд бо салоҳдиди худ аз он истифода баранд.  Шолтс худро инсони ғайри дин шуморида, ин ибораро зикр накард. Ӯ дувумин канслер баъди Герхард Шредер шуд, ки ин гуна муносибат намуд. Сотсиал-демократ қаблан оммаро огоҳ карда буд, ки ин тарафи матнро зикр нахоҳад намуд.

Қаблан, тибқи қонун парламенти олмонӣ номзадии Шолтси 63-соларо ҷонибдорӣ намуд. Ба тарафдории ӯ 395 нафар аз 707 вакили ҳузурдошта овоз доданд. Роҳбари Ҳукумати Олмон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, бе ягон мубоҳиса интихоб карда мешавад.

Шолтс тибқи ҳисоб канслери 9-уми Олмон гардида, дар ин мақом Ангела Меркелро, ки ҳокимиятро 16 сол идора мекард, иваз намуд.

Пас аз интихоб президент Франк-Валтер Штайнмайер сотсиал-демократро ба мансаб таъйин намуд. Маросим дар қароргоҳи роҳбари кишвар доир гардид. Баъдан Шолтс ба парламент бозгашт. Имрӯз инчунин вазирони ҳукумати ӯро интихоб менамоянд ва бегоҳ идораи вазирон нишасти нахустинро доир менамояд.

Тибқи Конститутсия танҳо сардори ҳукумат сиёсати Олмонро муайян мекунад.

Ба ном иттиҳоди канслерҳо асосан бо овозҳои намояндагони он ҳизбҳое ташкил карда мешавад, ки ба идораи ояндаи вазирон дохил мешаванд. Дар фраксияи Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, ҳизбҳои «Иттиҳод 90/Сабзҳо» ва Ҳизби озоди демократӣ 416 вакил фаъолият доранд.

Интихобот дар бундестаг 26 сентябр доир гашта буд. Ҳизби сотсиал-демократи Олмон мақоми аввалро касб намуда, демократиҳои масеҳиро якҷо намуд, ки онҳо дар сиёсати Олмон аз соли 2005 бартарӣ доштанд. Охирҳои ноябр роҳбари сотсиал-демократҳо эълон дошт, ки иттиҳоди ҳукмрон ташкил гардид.

АКС: indiarightnownews.com:

Декабрь 9, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд