Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён соҳиби китобхона ва ошхонаи муосир шуданд

Декабрь 20, 2021 12:09

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон китобхонаи  замонавӣ таъсис  дода шуд, ки  дорои 1000 нусха адабиёти гуногун мебошад. Кормандони шуъбаи мазкур ҳамчунин  бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ  соҳиби ошхонаи муосир гардиданд, хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ба истифода додани  китобхона  ва ошхона  муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Фатҳулло Абдураҳмонзода иброз дошт,  ки ин боргоҳи дониш  бо мақсади  ҷалби кормандон ба мутолиаи китоб таъсис ёфтаааст ва  ҳар як корманди милиса метавонад аз ин махзани маърифат барои ғизои маънавӣ бардоштан истифода барад.

«Бо дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳбарияти вазорати корҳои дохилии мамлакат баҳри таъмини шароити мусоиди корӣ барои кормандон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бунёди китобхонаву ошхонаи муосир дар тамоми мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа нигаронида шудааст, аз ҷумлаи онҳост»,-афзуд Фатҳулло Абдураҳмонзода.

Ёдовар мешавем, ки  роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён  дар ин рӯз ҳамчунин  атрофи бинои шуъбаи мазкурро, ки  дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпӯш гардида, дар  ҳудуди он гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст, дидан намуданд.

Фатҳулло Абдураҳмонзода таъкид кард, ки  дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии самти фаъолият кормандони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва ҷузъу томҳои он инчунин дар корҳои созандагиву ободонӣ фаъолона иштирок менамоянд, ки шоистаи  таҳният аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ бархе аз кормандони милитсия барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, натиҷаҳои баланди хизматӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ бо туҳфаҳо ва мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКСҲ аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ

Декабрь 20, 2021 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд