Лоиҳаи Қонун «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Декабрь 13, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт,   хабар   дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки санади мазкур дар таҳрири нав бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти такмили мунтазами муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мутобиқ гардондани пешбурди он ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар иборат мебошад.

Лоиҳаи Қонун аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.

Дар боби 1 (моддаҳои 1-3) мафҳумҳо, дастгирӣ ва присипҳои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 2 (моддаҳои 4-6) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, боби 3 (7-13) чораҳои танзими давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 4 (моддаҳои 14-16) самтҳои афзалиятноки дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 5 (моддаҳои 17- 19) тартиби муроҷиат, баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи кумаки молиявӣ ва боби 6 (моддаҳои 20-22) муқаррароти хотимавӣ ифода ёфтаанд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба кумитаи МН МО ҶТ  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаддима, моддаҳои 1, 3, 9, 12 ва 14  такмил дода шуда, моддаҳои 17, 18 ва 20 хориҷ ва моддаи 5 (ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат  ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ оид ба дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ) дар таҳрири нав ифода карда карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 12, 13 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40 ва 43-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.

 ДАР АКС: Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода. Акс аз МН МО ҶТ

Декабрь 13, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд