Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара ба мутахассисон эҳтиёҷ дорад

Декабрь 29, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бо назардошти васеъ гардонидани раванди истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур ба мутахассисони дорои ихтисосҳои дӯзанда, бофанда, буранда, дарзмолкунанда ва ғайра ба теъдоди 497 нафар эҳтиёҷ дорад. Ин нуктаро масъулини маҷмааи мазкур зимни боздиди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз ин корхона, ки 28 декабр сурат гирифт, баён намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ширкат бо технологияҳои муосир фаъолият дошта, бо шароити зарурии корӣ таъмин мебошад. Музди меҳнати кормандон аз 1300 то 2300 сомониро ташкил медиҳад. Кормандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин мегарданд. Айни замон қисми зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Тоҳир Каримзода, роҳбарияти сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, инчунин намояндаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни боздид маълум гардид, ки дар корхона ҷойҳои кории зиёд дар соҳаи нассоҷӣ таъсис шуда, кормандони маҳаллӣ баъд аз омӯзиш ба кор ҷалб шудаанд.

Дар робита ба ин Ширин Амонзода ба сохторҳои дахлдори вазорат ҷиҳати ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ин корхонаи саноатӣ, инчунин шаҳодатномакунонӣ ва малакаҳои касбии кормандони фаъолиятдошта ва додани шаҳоданомаҳои тахассусӣ ба онҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Тасмим гирифта шуд, ки барои ҷалби кормандон ба маҷмааи мазкур барои занони хоҳишманд аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи коргоҳҳои корхона бо гузаштани машғулияти амалии таълимӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуда, баъди хатми курсҳо дар корхонаи мазкур бо кор таъмин карда шаванд.

Ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ бо мақсади омода намудани кадрҳо тибқи талаботи корфармо дар заминаи дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 густариш меёбад.

 АКС:  маркази матбуоти ВАзорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Декабрь 29, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд