Маркази миллии тестӣ дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои октябр-декабри соли равон дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишии тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми ИМД-ро миёни хатмкунандагон синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати 13122 нафар хатмкунандагон пешниҳод гардид. Рӯйхатҳо тибқи интихоби хатмкунандагон ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷудо карда шуданд, ки дар умум 999 синфхонаҳои имтиҳониро ташкил медод.
Дар имтиҳонҳои озмоишӣ аз 530 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон ҷалб карда шуданд. Баъд аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ варақаҳои ҷавобҳои хатмкунандагон санҷида шуда, натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур тавассути раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуданд.
Хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок накарданд ё муассисаҳои таълимии онҳо ба имтиҳонҳои озмоишӣ ҷалб карда нашуданд, бояд рӯҳафтода нашаванд. Онҳо метавонанд аз сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) истифода бурда, барои мустаҳкам намудани дониши худ аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» истифода баранд.
Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо истифода аз барномаи хизматрасонии «Худро бисанҷ» имтиҳонҳои озмоишӣ роҳандозӣ менамояд ва хатмкунандагон метавонанд тариқи компютер дониши худро санҷанд.
Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарк кардан ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан ба навъи саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






