МУБОРАК БОД! Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қатори беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шомил гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- — 2022 ( QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро нашр кард. Тибқи радабандӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни 450 донишгоҳи беҳтарин ҷойи 241-умро ишғол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» омадааст:
«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо таърихи 70-сола яке аз муассисаҳои олии пешқадам ва калонтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Айни замон дар донишгоҳ 19 факултет мавҷуд буда, дар онҳо таълим аз рӯи се давраи таълим: бакалавр, магистр ва PhD аз рӯи 98 риштаи таҳсил сурат мегирад.
ДМТ бо беш аз 190 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкории дуҷониба имзо кардааст. Донишгоҳ узви беш аз 10 ассотсиатсияи байналмилалӣ, аз қабили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи кишварҳои ИДМ ва ғайра мебошад.
Айни замон дар донишгоҳ инчунин 107 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, литсейи риштаи табиатшиносӣ ва математика, китобхонаи электронӣ, 112 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва академӣ, марказҳои интернетӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 синфхонаи омӯзиши забон, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази фарҳангии Конфутсий ва шӯъбаи бунёд фаъолият доранд.
Илова бар ин, ДМТ маркази илмии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Он дорои 11 шӯрои диссертатсионӣ мебошад, ки ба донишҷӯёни маҳаллӣ ва хориҷӣ имкон медиҳанд, рисолаи доктории худро дифоъ намуда, ҷузъи ҷаҳони илм гарданд ва минбаъд дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар саҳмгузор бошанд».
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






