Муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ дар маросими супоридани маводи доруворӣ барои паноҳҷӯёни афғон иштирок намуд

Декабрь 23, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар  дода будем, 22 декабр дар Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд ва  Ташкилоти ҷамъиятии «Авасто» ва дастгирии Ташкилоти «Foundation Ameicares» (ИМА) ба маблағи 1 256000 (як миллиону дусаду панҷову шаш ҳазор) доллар 60 номгӯй маводи доруворӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ба паноҳҷӯёни афғон дастрас шуд. Кумаки мазкурро Раиси Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ба Сафири Ҷумҳурии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар супорид.

Дар маросими супоридани кумаки башардӯстона намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Иқдоми мазкур дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва  муроҷиату суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷаласаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба расонидани кумак ба паноҳҷӯёни афғон сурат гирифт.

Тавре ки маълум аст, ҳодисаҳои нохуши дар кишвари ҳамсояи Афғонистон баамаломада сабаби воридшавии паноҳандагони зиёд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, ки бахши азими онҳо ниёз ба дастгирӣ доранд.

Ҳангоми супоридани мавод Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки “рӯзе фаро мерасад, ки мардуми ранҷкашидаи Афғонистон аз инҳисори паиҳами зулму истибдод, ки фазои амни онро барҳам задааст, раҳо мешаванд. Мардуми ин кишвари ҳамсоя, ки бо тоҷикон забон ва фарҳанги муштарак доранд ва табиатан ба озодӣ ва ҳувият ҳамеша арҷ гузоштаанд, рӯзе ба истиқлоли комил хоҳанд расид ва сарнавишти худро бо дастони худ хоҳанд навишт. Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ пайваста таъкид мекунанд, имрӯз вазифаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бетафовут набудан ба сарнавишти мардуми Афғонистон аст ва ҳар яки мо бояд дар ин замина ҷиҳати дастгирии мардуми ин кишвари ҳамсоя, ки аз хушунату куштор ба кишвари мо паноҳ бурдаанд, саҳм гузорем”.

Муҳаммад Заҳири Ағбар гуфт, ки “мо аслан як мардум, бо забон, дину оин ва фарҳанги муштарак ҳастем. Муҳоҷирон ва паноҳандагон дар дунё зиёданд ва яке ба далоили набудани шуғл, маскан, дигаре фақр ва саввумӣ шароити беҳдоштӣ, таҳсилӣ кишварашонро тарк мекунанд. Вале, мутаассифона, афғонҳо рӯи ин далоил Афғонистонро тарк накарданд. Сабаби ин толибон буданд, ки аслан мунҳасир ба Афғонистон нестанд. Аз номи Худо, дин, шариат ҳар он чизе, ки дилаш мехоҳад, тафсир мекунад ва ривоят эҷод мекунанду ба унвони як тарҳи созмоншуда Афғонистонро ба хуну хок кашидаанд”.

Сафир илова намуд, ки “хеле хушҳол ҳастам, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  барои мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аз имконияти ҳеҷ имконияти хеле болое эҷод кардаанд. Аз рӯзи аввали тасаллути Афғонистон аз ҷониби ҳаракати ваҳшатафкани «Толибон» он кас мавқеи худро устувор муайян карданд ва аз ҳуқуқи мардуми одии афғон дифоъ намуданд».

Мавсуф инчунин аз масъулини ҳукуматӣ ва ҷомеаи тоҷик хоҳиш кард, ки дар бархӯрд бо қазияи Афғонистон аз мавқеи Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кунанд. Дар анҷоми суҳбати худ сафир ба Кумитаи «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон, ҲХДТ, ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» барои дастгирӣ ва ироаи кумаки башардӯстона ба паноҳандагони Афғонистон изҳори сипос намуд.

Раиси Кумитаи «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён изҳор дошт, ки мо бояд сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба мавриди дастгирӣ қарор диҳем. Ҳадафи «Ҳилоли Аҳмар» бо арҷ гузоштан ба принсипҳои инсондӯстӣ дарёфт ва интиқоли кумаки башардӯстона ба мардуми дӯст ва бародари Афғонистон аст, ки ҳамин ҳоло анҷом медиҳем.

Дар фарҷоми ин амали хайр Хайринисо Юсуфӣ Раиси Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳозирин изҳори сипос карда, умед бар он намуд, ки дар заминаи ҳамкории мутақбила бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба паноҳандагон ва бозмондагони Афғонистон корҳои бештаре анҷом хоҳанд ёфт.

                                                                                       Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКСҲО: КИ ҲХДТ

Декабрь 23, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид