Нақши ҷавонони ДМТ дар рушди давлатдорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ назаррас аст

Декабрь 10, 2021 13:01

ДУШАНБЕ, 10.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби авзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин нуктаро имрӯз Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон  Хушвахтзода зимни баргузории ҳамоиши «Нақши ҷавонони ДМТ дар рушди давлатдорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ» баён дошт, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш устодони дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯёни гирандаи Стипентияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои олимони ҷавон, раисони созмони ҷавонони факултетҳо, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», муовинони деканҳо оид ба илм ва масъулини бахшҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши имрӯзаи ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз муаррифӣ намудани дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ, пешрафт ва дурнамои самтҳои калидии донишгоҳ, таҳким бахшидани нақши ҷавонони донишгоҳ дар рушди босуботи мамлакат, омӯхтани мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармарди миллат ҳамчун меъмори давлати навини тоҷикон иборат мебошад.

Таъкид гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими ҷавонони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ аз он иборат аст, ки дар сиёсати давлатӣ ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳо ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гардидааст.

Ректори донишгоҳ аз фаъолияти ҷавонон ва сохторҳои дахлдори донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шароити мусоиди фароҳамовардаи донишгоҳ бояд самаранок истифода намуда, забонҳои хориҷӣ аз бар намоянд ва барои муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талоши ҳамешагӣ дошта бошанд. Гуфта шуд, ки нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир зиёд аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Ҳамоиши тарбиявӣ –сиёсӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва бо гирифтани акси хотиравӣ ба анҷом расид.

АКС аз ДМТ

Декабрь 10, 2021 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст