ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона -1+4 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-16 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 дараҷа, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






