ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрноки бебориш мешавад

Декабрь 3, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  1-6 дараҷа хунук рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18  дараҷа  хунук, рӯзона  1-6  дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрноки бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8  дараҷа гарм ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4  дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона  16+21  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 3, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа