Ҳолати имрӯзаи тиҷорати электронии соҳаи кишоварзӣ ва рушди он дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Декабрь 9, 2021 14:52

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати имрӯзаи тиҷорати электронии соҳаи кишоварзӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ имрӯз дар Вазорати кишоварзии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи баҳодиҳии Бонки ҷаҳонӣ масъалаи сертификаткунонӣ, банду баст, нишонагузории маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ниёз дошта, тиҷорати электронӣ имконият медиҳад, ки масъалаи мазкур ба таври систематикӣ давра ба давра ҳал шавад.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Чию Ниу зикр намуд, ки платформаи тиҷорати электронӣ ба кишоварзон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми мамлакатҳои олам муаррифӣ гардида, диққати харидорону сармоягузорони соҳа ба он ҷалб ва ба рушди минбаъдаи соҳа замина гузошта шавад.

Муовини Вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди кишвар барои ҳамкории муассир дар рушди бахши кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ҳамчунин барои таҳияи консепсияи лоиҳаи нав оид ба «Беҳтар намудани устувории бахши кишоварзии Тоҷикистон», ки ба баланд бардоштани устувории бахши кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пас аз пандемия нигаронида шудааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Декабрь 9, 2021 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад