ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ярмарка-фурӯши ангишт оғоз гардид

Декабрь 14, 2021 14:48

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИМТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ярмарка-фурӯши ангишт оғоз шуд, ки то пагоҳ идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар ярмарка-фурӯши ангишт 6 корхонаи ангиштбарор, аз  қабили КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», ҶСК «Ангишт», ҶСК «Ангишти Камароб», ҶДММ «Вена», ҶДММ «Тако Ресурс» ва ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» иштирок доранд.

Муовини директори генералии КВД «Ангишти тоҷик» Ҳусайн Асоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки нархи  як кг  ангишт имрӯз  вобаста ба навъҳои он 50 дирам, 70 дирам ва 1 сомонию 20 дирам ба фурӯш бароварда шудааст.

Мавсуф зикр дошт, ки дар ярмарка ба миқдори ҳазор тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст. Пагоҳ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ба миқдори 300 тонна ангишт ба фурӯш бароварда мешавад.

Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин ҷиҳати ба эътидол овардани нархи фурӯши ангишт бо нархҳои дастрас чунин ярмаркаҳоро роҳандозӣ  менамояд.

Дар назар аст, ки ярмарка-фурӯши ангишт дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардад.

АКСҲО: вилояти Хатлон

Декабрь 14, 2021 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд